БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Иқдомҳои созандаи Пешвои миллат ба хотири пешрафти рӯзгори мардум аст

ВАХШ. Тибқи нақшаи корӣ ва ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии  «Ҷавонӣ»-и ҷамоати деҳоти Ваҳдат бо сокинони

маҳалла доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар мавзӯъи «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур фаъолзанону духтарони деҳот намоиши ҳунарҳои дастии худро, аз қабили қурокдӯзӣ, гулдӯзӣ, ҷуроббофӣ, ва дигар намуди ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд.

Сараввал Мардонова Сайёра дар назди ҳозирин ба сухан баромада, иброз дошт, ки ба хотири боло бурдани сатҳу сифати зиндагии сокинон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро дар кишвар хамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Пас аз сухарониҳои судманд масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандони завқманди маҳалла ба намоиш гузошта буданд, дидан карда ба ҳунару маҳорати волои ҳунармандони чирадасту хушсалиқа баҳои баланд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg