БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ нерӯи бузургест, ки маънавиёти ҷомеаро тарбия мекунад

БОХТАР. Дар  маҳалаи  Хатлони шаҳри Бохтар  вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Саймуҳаммад иштирок намуданд.

Нахуст Наҷидуллоев Тавакал ба сухан баромада, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву терористӣ суханронӣ намуда,  қайд кард, ки имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобил ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст.

Бо боварии комил аз минбари баланд гуфта метавонем, ки ҷавонони боғайрат, далер ва сулҳхоҳи тоҷик иродаи матин дошта, на танҳо барои вусъатёбӣ, балки роҳ ёфтани терроризм ва ифротгароӣ дар марзу буми азизи худ бо ҳар роҳу усул, яъне ҳам амалӣ ва ҳам маънавӣ мубориза хоҳанд бурд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg