БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Соҳаи сайёҳӣ-омили рушди иқтисоди кишвар аст

Ш.ШОҲИН. Вохӯрии  кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократи Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар деҳаи Валиҷон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҳизб ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир  гардид.

Зимнан сармуҳаррири нашрияи «Овози халқ»-и   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Қурбонзода Шифо вохӯриро кушода, доир ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ кард. Чунин қайд кард, ки Соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд ва Тоҷикистон ба маҷрои нави созандагиву ободони ва пешрафти комил дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хосса, дар соҳаи сайёҳӣ ворид шуд.

Баъдан вакили деҳа Назиров Шерали ба сухан баромада, суханони кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро  тарафдорӣ намуда, барои  саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ суҳбат кард.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg