БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Модарон ҳунаромӯзи духтарон ҳастанд

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат ва раиси деҳаи Шевченкои ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Азизова Сабоҳат дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ба ҳисоб мераванд,  ибрози андеша намуда, зикр кард, ки  хизмати Ватан -Модар барои ҳар як ҷавонмарди худогоҳу бедордил ҷиҳати ҳифзи оромиву осудагии мардум ва ҳифзи марзу буми кишвар мебошад.  Аз ин рӯ, ҷавонони бонангу номусиро  моро лозим аст, ихтиёрӣ ба хизмати  ҳарбӣ рафта, қарзи фарзандии худро дар назди давлату миллат адо намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg