МУЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамуда дар деҳаи Балхобии ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо сокинон ва фаъолони ин деҳа маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҳайдаров Рамазон ва раиси ҷамоат Л.Холова иштирок ва суханронӣ намуд.
Масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ ватандӯстии ҷавонон, ба дарки ҷавонон расонидаи моҳияти хизмат дар сафи артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонаги ва омили асоссии нигоҳ доштани сулҳу суббот ва амнияти кишвар, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъ ТЭТ ҲНИ ва гуруҳи 24, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ андешарони карданд.