БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба корҳои созандагию бундёдкорӣ ҷалб гардиданд

КӮЛОБ. Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ободонӣ, таъмиру тармими биноҳои маъмурию истиқоматӣ, тозагии кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳои фароғатию мавзеъҳои истироҳатӣ, инчунин маҳалли зист ва назди ташкилоту муассисаҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин росто иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” рӯзи ободонии умумишаҳрӣ доир карда шуд.

Дар доираи он аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ чун ҳамешагӣ даъвати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро оид ба ширкат дар шанбегии умумишаҳрӣ бо ризоияти комил пазируфта, дар ҷараёни он фаъолнокии бештар нишон доданд. Майдони умури ободониву тозакорӣ тамоми ҳудуди шаҳри Кӯлобро дар бар мегирифт.

Дар ин рӯз аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ барои ободу зебо гардонидани назди маҳалли зист ва корхонаю муассисаҳои худ, нахру ҷӯйборҳоро аз хасу хошок ва гилу лой тоза намуданд.

Ҳамчунин, гирду атрофи боғи фарҳангию фароғатии шаҳрро дастаҷаъона тоза карда, партовҳо ба маконҳои махсусгардонидашуда интиқол дода шуданд ва дар ҷараёни кор нармкунии бехи дарахтон ва гулҳои ороишӣ ба анҷом расонида шуд.

Бояд зикр кард, ки дар рафти иқдоми мазкур 5000 ҳазор аъзо ва ҷонибдорони ҳизб аз 274 ташкилоти ибтидоии назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҷалб карда шуданд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб тасмим дорад, ки минбаъд низ иқдоми мазкурро роҳандозӣ намояд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg