БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал аз ҳадафҳои гурӯҳҳои ифротӣ огоҳии бештар пайдо карданд

Ҷ.БАЛХӢ. Дар маҳаллаи Каминтерини ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиев Зафар оид ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли тақвияти робита бо маҳал, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карда, қайд намуд, ки истиқлолият неъмати бебаҳост, ки баъди гузашти ҳазор сол ба миллати тоҷик дубора муяссар гардид. Ҳар як сокини бонангу номуси кишварро мебояд, ки барои пойдории пояҳои Истиқлолияти давлатӣ пайваста мубориза барад. Зеро ҳастанд қувваҳое, ки Истиқлолияти давлатии миллати тоҷикро чашми дидан надоранд.

Ҳамчунин қайд кард, ки он вазифаҳое, ки барои ҳифзу нигаҳдорӣ ва рушду такомули давлати тозаистиқлоли тоҷикон зарур аст, дар бандҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба таври возеҳ баён гардидааст. Иҷрои саривақти ва босифати самтҳои мазкур ҳаёти осоиштаи моро таъмин менамояд. Ба ҳозирин зарурат ва аҳамияти сарфаю сариштакорона истифода намудани қувваи барқ ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда, мақсаду мароми ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва роҳҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм, зарар ва оқибати бегонапарастӣ, майл ба фарҳанги бегона, нашъмандию нашъаҷалобӣ, истифодаи ғайримақсаднок аз технологияи муосир, шабакаҳои иҷтимоӣ, роҳҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, моҳияти хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ, нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумиро бо овардани мисолҳои ҳаётӣ ба онҳо фаҳмонид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg