БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиён дунёву охираташонро қурбони нафси хабисашон кардаанд!

ВОКУНИШ Бо вуҷуди фармудаҳои Қуръону ҳадис ва таъкидҳои донишмандону бузургони миллат дар боби ватандӯстӣ, ҳимояи шарафу номуси Ватан ва хизмати содиқона ба халқу давлат ҳанӯз афроде ҳам пайдо мешаванд, ки ба ҳар гуна созмону гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистии аз номи ислом баромадкунанда шомил гардида, номи Ислом, Ватан ва Давлатро доғдор мекунанд. Дар тӯли қариб се даҳсолаи охир ташкилотҳои  террористию ифротгароӣ ба кишвари азизамон сар халонида, бо ба дом афтонидани иддае аз ҷавонони роҳгумкардаи тоҷик вазъи кишварро то андозае ноором сохтанд. Ҷанги хунини бародаркушии солҳои 90-умро ҳама дар ёд дорад, ки чигуна бо майдонсозиву аз номи Ислом истифода бурдани бунёдгузорони ҳизби мамнуъ ва террористии наҳзати ислом садҳо ҳазор сокини осоиштаи кишвар қурбонии ин дассиса шуда, садҳо ҳазори дигар гурезаи давлатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гаштанд.

Маҳз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки ҷон ба каф гирифта, бо заҳмату талошҳои зиёд мардуми парешони тоҷикро зери як парчам, як давлат ва як мамлакат гирди ҳам оварданд ва миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ раҳониданду давлати миллии тоҷиконро асос гузоштанд, ки тамоми давлатҳои абарқудрати дунё демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва мустақил будани онро эътироф карданд ва айни ҳол дар дунё Тоҷикистони азизамон ҳамчун давлати сарсабзу обод ва сулҳпарвару соҳибтамаддун шинохта мешавад. Мардуми мо он рӯзҳои даҳшатборро ҳаргиз фаромӯш накардаанд ва фикр мекунам, ки ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Бадхоҳони миллати мо ҳанӯз бо дасти хоҷагони зархаридонашон, яъне хоинони миллат, ки дар хориҷа қарор доранд, бар зидди давлатамон фаъолият карда истодаанд аз ҷумла, ҳодисаи иғвоангезе, ки  дар шаҳри Варшава аз тарафи як гурўҳ ҷавонони гумроҳ  бо намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон амалӣ намудаанд, исботи бозичаи дасти хоҷагони хориҷи буданашонро  нишон додаанд. Умуман, наҳзатиён исбот намуданд, ки ба ивази маблағҳои калон виҷдони худро ва нангу номуси хешу таборашонро фурӯхтаанд. Наҳзатиён дунёву охираташонро қурбонии нафси бади худ кардаанд.

Ҳарчанд созмону гурӯҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстримистие, ки ҳадафҳою ғаразҳои палидашонро зери ниқоби ислом пӯшиш медиҳанд, то андозае фаъолияти хешро дар миқёси ҷумҳурӣ ба роҳ монданӣ шуда бошанд ҳам, хушбахтона, талошу заҳматҳои шабонарӯзии мақомоти қудратии кишвар ва иродаи мустаҳками мардуми худшиносу худогоҳи кишвар буд, ки созмону гурӯҳ ва ҳизбу ҳаракатҳои мазкур дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкор карда шуда, аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онҳо манъ карда шуданд. Ҷавонон дигар ба ин бозиҳои ниқобпўши ин номардон дода намешаванд. Онҳо Сарвари хирадпеша доранд ва зери Парчами Истиқлолият роҳи худро интихоб намудаанд.

Абдухалил АБДУЛҲАЕВ -вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg