БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал ба рушди ҳунарҳои мардумӣ майлу рағбати беандоза доранд

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳалаҳои ноҳияҳои Шаҳритуз дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ дар деҳаи Чуянчии ҷамоати деҳоти ба номи Талбак Садриддинови ноҳияи Шаҳритуз  бо иштироки муовини раиси  Кумитаи иҷроияи  ХХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Негматов Наҷибулло ва вакили Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи Шаҳритуз Хушмуродов Саймурод   бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ баргузор гашт.

Бо дар он   вакили Маҷлиси вакилони халқи  ноҳияи Шаҳритуз Хушмуродов Саймурод вобаста ба ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳангӣ бегона, рушди анъанаҳои неки ниёгон, касбу ҳунарҳои мардумӣ,  тарғиби либоси миллӣ, риояи талаботи қонунҳои миллӣ андешаронӣ намуданд.

Инчунин дар охир Негматов Наҷибулло  моҳияти озмунҳои ҳизбӣ ва роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»-ро ба ҳамагон фаҳмонид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg