
ХУРОСОН. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриву чорабиниҳои фарҳангию сиёсии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки раиси Кумитаи ичроияи ХХДТ дар ноҳияи Хуросон Саидзода Раҳмон ва дигар шахсони даъватӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ доир гардид.
Зимнан Саидзода Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, попурӣ, кӯроқдӯзӣ, дигар намуди нақшу нигорҳои ба занони тоҷик хос дидан карда, ҳунармандони хушзавқи деҳаро барои боз ҳам ривоҷу равнақ додани анъанаҳои неки ниёгон ва омӯзонидани наврасону ҷавонон тавсияҳои судманд дод.
Дар қисмати сиёсии чорабинӣ Саидзода Раҳмон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ, Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ҳарф зада, инчунин дар идома дар бораи сафарбар кардани ҷавонони синни даъватӣ ба сафҳои Артиши миллӣ андешаронӣ намуд.