БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг баёнгари таърихи гузаштаву муосир мебошад

ҲАМАДОНӢ. Дар деҳаҳои Токистон ва Чорбоғи ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳия бо иштиоки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Давлатҷон  Ғаффорзода бахшида ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои марумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал  чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан иштирокдорон  аз ҳунарҳои мардумии ҳунармандони деҳаҳои  Тоҷкистон ва Чорбоғ дидан карда, ба онҳо барои эҳёи анъанаҳои неки ниёгон баҳои хуб доданд.

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ Давлатҷон  Ғаффорзода дар назди  ҷамъомадагон дар бораи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона аз ин ҳисоб паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ, оид ба  фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва фаро гирифтани сокинон ба шуғл андешаронӣ намуда,  аз иштирокдорон, ки бештари  онҳоро  ҳунармандону  деҳқонони асил  ташкил медод барои  рӯ овардан бар  замину заминдорӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ ҷамъбаст кардани соли 2018 тавсияҳо дод.

Дар охир ба иштирокчиёни чорабинӣ  аз  ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия маводҳои  таблиғотии ҳизбиро дастрас карданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg