БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маҳсулоти тару тозаи деҳқонон ба намоишгоҳ ҳунси хоса зам намуд

ТЕМУРМАЛИК. Бо мақсади иҷрои ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва вохӯрию мулоқот дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия, инчунин вусъат бахшидани робита бо маҳал дар деҳаи Қазоқи ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳимови ноҳияи Темурмалик вохӯрии нақшавии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ҳайати раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия  Раҷабзода Маҳмадсаид бо сокинон баргузор гардид. 

Зимни баргузории хониши сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ,  кишоварзони  асилу  қавиирода маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро ба маърази тамошо гузоштанд, ки аз ҷониби иштирокдорон ба хубӣ пазируфта шуда, ба ҳусни намоишгоҳ ҳусни хоса зам намуданд.  

Баъдан Раҷабзода Маҳмадсаид    доир ба  самтҳои    афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал,  сафари кории  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиеёв ба Тоҷикистон суханронӣ  кард.  

Доир ба суханронии Раҷабзода Маҳмадсаид   сокинони деҳа Адаев Абдулвоҳид ва вакили ҷамоат Муродов Маҳмадраҷаб вобаста ба сафарҳои  кории  ду сарвари давлати бо ҳам дӯсту бародар Тоҷикистону Ӯзбекистон,  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”,   амалҳои  хоинонаи  ТТЭ ҲНИ, ки таҳти сарпарастии хоҷагони хориҷӣ амал менамоянд, андешаронӣ карда, иштирокдоронро барои пешгирӣ аз ҳодисаву амалҳои ҳизбу ҳаракатҳои дар кишвар мамнуъи ТТЭ ҲНИ,  тарбияи дурусти фарзандон, ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳидоят намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg