БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Вазифаи омӯзгорон насли ҷавонро дар рӯҳияи одобу ахлоқ ва меҳанпарастӣ тарбия намудан аст

ПАНҶ. Дар муассисаи таҳилоти миёнаи умумии №12-и ноҳия  бо ташаббуси  масъулони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб хониши сиёсӣ дар мавзӯъи «Истифодаи дурусти технологияи муосир ва шабакаҳои  иҷтимоӣ»  роҳандозӣ гардид.

Вақтҳои охир гурӯҳҳои ифротӣ шабакаҳои иҷтимоиро як воситаи осони ба сафҳои худ ҷалб намудани ҷавонони гумроҳро  интихоб намудаанд. Бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоии маъмулӣ ба монанди «В-контакте», «Фейсбук», «Зелло» ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ-эктремистӣ   шомил гардида, мағзшӯи шуда, зери таъсири онҳо қарор мегиранд. Ғайр аз ин хатари дигари шабакаҳои иҷтимоӣ  ин ташвиқ  ва таблиғи фарҳанг ва расму  оини бегона  мебошад, ки ҷавонон зуд ба он дода мешаванд. Ҳамчунин, дар ҷараёни баромад Файзиев Каримҷон оид ба  ҳодисаи дар Варшаваи Лаҳистон бо намояндагони Тоҷикистон рух дода  суҳбати хоса намуда, бо исботу далел дар бораи амалҳои аз тарафи гурӯҳҳои террористии дар кишвар мамнӯъ суханронӣ намуд.

 Дар идома даъват ба амал оварда шуд, ки омӯзгорон фарҳанги истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро тарғиб намуда, насли ҷавонро дар рӯҳияи  одобу ахлоқ ва миллатдӯстиву меҳанпарастӣ  тарбия намоянд.

Баъдан, Шомаҳмадзода Музафар оиди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» боз як марҳилаи муҳим дар раванди муттаҳид гардонидани талошҳои дастаҷамъонаи кишварҳои дунё баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор вобаста ба об хоҳад шуд. Татбиқи ташаббуси навбатии Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амиқ дарк намудани аҳамияти об, амалҳои мушаххас барои рушди устувор оид ба захираҳои об, рушди соҳаи иҷтимоиву иқтисодиёт, ҳифзи муҳити зист ва ҳам таъмини сулҳу субот дар минтақа ва миқёси ҷаҳон  саҳми арзанда  мегузорад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg