БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – нерӯи созанда ба муҳаррики пешбарандаи ҷомеа

МӮЪМИНОБОД. Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо кормандони Идораи роҳсозии ноҳияи  Муъминобод хониши сиёсӣ доир гардид.

Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Рамазон Ҳайдаров  ва раиси ташкилоти ибтидоии «Идораи роҳсозӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд.

 Дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи  нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби либоси миллӣ, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ва риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарон дар Ҷумҳурии Точикистон, пешгирии омилҳои номатлуб, фарҳанги оиладорӣ,таҷрибаи рӯзгордорӣ,  баланд бардоштани савияи донишу малакаи онҳо дар ташкили оиладорӣ, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ, ҳолатҳои муноқишаи оилавӣ,ёрии амалӣ ва ҳуқуқӣ расонидан ба оилаҳои носолим андешаронӣ карда шуд.

Инчунин,  дар ин росто Рамазон  Ҳайдаров  дар идомаи суҳбат  иштирокдорон барои амалигардонии  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!»  даъват ба амал овард.   

                                                                                          

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg