БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа

ҚУБОДИЁН. Дар асоси нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон дар деҳаи Пакалаи ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзови ноҳия чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдуллоев Ваҳобиддин  иштирок намуда, аз дастовардҳои ҳунармандони деҳаи Пакала дидан кард.

Дар чорабинӣ ҳунарҳои сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, гулдӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, намоиши либосҳои гуногуни миллӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.

Зимнан  Абдуллоев Ваҳобиддин оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  ҷалби сайёҳон ба ба мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ андешарони намуда, қайд кард, ки дар Паёми имсолаи  худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки сайёҳӣ яке аз самтҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои нек ба ҳисоб меравад”. Ҳамин тавр дар заминаи таҳлили имкониятҳои мавҷуда ва баёни таклифҳо иброз доштанд, ки “Бо мақсади тараққӣ додани соҳаҳои сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад”.

Дар фароварди вохӯрӣ  мавсуф аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки баҳри  расидан ба қадри сулҳу суботи кишвар, бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намудани  соли 2018 ва аз аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ  бо меҳнати ҳалол дар ободонии кишвари азизамон саҳмгузор бошанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg