ЁВОН. Чанде қабл бо мақсади тарғиби арзишҳои миллӣ дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва тақвият бахшидани робита бо маҳал дар деҳаи Қулободи Ҷамоати деҳоти Чоргул чорабинии сиёсию фарҳангӣ роҳандозӣ гарди. Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, намояндагони беморхонаи марказии ноҳия Иззатуллоева Сайёра ва Алифов Ҷаҳонбек иштирок ва оид ба масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ намуданд.
Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саёҳат Абдуллоева зимни суханронии хеш занону бонувонро барои иштироки фаъолона ба озмунҳо ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», «Тарроҳи беҳтарин», «Маликаи Хатлон», «Армуғони хатлонӣ», «Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ» ва «Беҳтарин доиркунандаи чорабинии сатҳи маҳал» даъват намуда, таъкид ба амал овард, ки ғолиби озмунҳо ва Аксияро туҳфаҳо ва маблағҳои пулӣ интизор аст.
Дар охир аз ҷониби бонувони ҳунарманди деҳаи Қулобод ҳунарҳои мардумӣ намоиш дода шуда, аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо хушнудӣ пазируфта шуд.