БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занону бонувони ҳунарманд аз иқдоми ватандӯстонаи Пешвои миллат сипосгузоранд

ДӮСТӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Баҳористон”-и ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродови ноҳия бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ чорабинии фаҳангӣ-сиёсӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин Соли тақвияти робита бо маҳал  ва роҳандозии  озмунҳои  ҳизбӣ гузаронида шуд.

Зимнан и.в.раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз ва дигар шахсони  даъватӣ аз рафти намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар партави  озмуни ҳизбӣ таҳти унвони  «Армуғони хатлонӣ» доир карда шуданд, дидан намуданд.

Занону духтарони ҳунарманди хушзавқи  деҳаи Баҳористон дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ самараи кори дастони моҳири худро ба маърази намоиш гузошта, аз ҷониби  масъулин баҳои баланд гирифтанд.  Юсупова Шарифмоҳ, ки яке аз тарроҳ ва дӯзандаи номдори ин деҳа мебошад, маҳсулоти ҳунарии худро, аз қабили чакандӯзӣ ба намоиш гузошта, аз иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷодаи ҳунар миннатдорӣ баён кард.

Дар қисмати сиёсии  чорабинӣ  Қурбонов Абдулҳафиз  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  Соли рушди сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карда,  беҳтарин  занону бонувони ҳунарманди деҳаро барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ даъват намуд.

Дар охир кулли иштирокчиёни чорабинии ҳизбӣ ҷонибдории худро нисбати иқдоми ватандӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg