БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон моҳияти Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро хуб дарк намуданд

ВОСЕЪ.  Вохӯриву мулоқотҳо тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо маром идома ёфта истодаанд.

Чорабинии  фарҳангӣ-сиёсӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ ин навбат дар деҳаи дурдасти Кучабоғи ҷамоати деҳоти  ба номи Худоёр Раҷабов бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова, корманди Кумитаи иҷроия Гулрухсор Мирзоева ва дигар шахсони муттасаддӣ доир гардид.

Зимни мулоқот бо сокинон Шаҳноза Раҷабова оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва сафарбар намудани ҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ибрози ақида карда, таъкид намуд, ки ватандӯстӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз меёбад.

Ҳамзамон, Гулрухсор Мирзоева бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  суханронӣ намуда, ҳунархои халқи беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд ва онҳо ҳисси зебоипарастии халқро таҷассум мекунанд. Гузашта аз ин, на фақат эҷоди асарҳои санъат, балки дастгирии ҳунармандони халқ, ки эҷодкорони зебоӣ ҳастанд, нишони камолот ва олиҳимматӣ мебошад.

Инчунин, дар намоиш ҳунарҳои дастии бонувони деҳа Шарифова Моҳшариф ва Фармонова Дасторгул ба маърази тамошо гузоша шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg