БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- мароми мо вусъати корҳои маърифатию тарбиявӣ дар ҷомеа аст

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргӯзории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизӣ Сабоҳат ва раиси ташкилоти ибтидоии Худойбердиева Саъба бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Азизӣ Сабоҳат дар баробари тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ,  Соли тақвияти робита бо маҳал, фаҳмонидани моҳияти хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои  бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ибрози андеша намуд.

Дар охир  масъулин аз ҳунару маҳорати  бонувони ҳунарманду чирадасти деҳа аз наздик ошноӣ пайдо карда,  ба онҳо  дар рушди анъанаҳои неки ниёгон комёбиҳо орзу намуданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg