
ФАРХОР. Дар асоси ҷадвали тасдиқшуда вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор дар ташкилоти ибтидоии «Маркази алоқаи Почта» баргузор гардид.
Дар мулоқот Раҳмонов Далер доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, инчунин, ҳадафҳои Оинномавӣ ва Барномавии ҳизб, ки аз сиёсати бобарор ва хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ибрози андеша намуда, қайд кард, ки тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандустӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Муҳим он аст, ки ватандӯстӣ набояд танҳо дар сухан бошад. Ватандӯстие, ки танҳо дар забон асту ба амали муайян воқеият пайдо накардааст, намоишкорӣ ва назарфиребист. Ба ин хотир Пешвои миллат таъкид доштанд, ки ватандӯстӣ набояд ҳусни ҳисоботӣ дошта бошад, он дар амал, на ин ки дар сухан пояи мустаҳкам пайдо менамояд.
Ҳамчунин, шарҳи мазмуну моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» паҳлӯи дигари баромади Далер Раҳмонов буд.