БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг силоҳи маънавии давлат аст!

МӮЪМИНОБОД. Дар ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо кормандони ҷамоати мазкур бахшида ба соли Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  мулоқот доир гардид.

Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод Гулсунбӣ Раҷабова ва раиси ҷамоати деҳоти  Л.Холова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар мулоқот самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби либоси миллӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди терроризм, пешгирии гаравиш ба  ҳизбу ҳаракатҳои  дар кишвар мамнуъ, ТЭТ ҲНИ ва гурӯҳи 24, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Инчунин,  бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоати мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, заргарӣ, табақтарошӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар дигар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тибқи ҷадвал идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg