БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистон таърихи куҳан дорад

ВАХШ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида бо мардуми  деҳаи Султонобод дар бораи самтҳои афзалятноки фаъолияти ҲХДТ хусусан дар мавзӯъи риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва доир ба муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон суҳбату вохӯрии судманд доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов Одилҷон иштирок намуда, суханронӣ намуд. Дар баромадаш қайд намуд, ки риояи талаботҳои қонуни танзим пеш аз ҳама ҷиҳати камхарҷ  гузаронидани тӯю маъракаҳо  барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии мардум ва даст кашидан аз хурофоту таассуби динӣ равона карда шудааст.

Аз ин лиҳоз моро лозим аст, ки иҷроиши талаботҳои қонуни мазкурро пурра таъмин намуда, барои беҳтар гаштани сатҳи зиндагонии худ талош намоем.

Сипас, Маҳмадов Одилҷон сатҳи олии дӯстонаро байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нек арзёби карда, аз хизматҳо ва ташаббусҳои роҳбарони ду давлати ҳамсоя васфу ситоиш намуд. Қайд карда шуд, ки ҳамагонро лозим аст аз иқдомҳои наҷиби роҳбарони ду давлати ҳамсоя ҷонибдорӣ ва пайравӣ намуда, дар ҳаёти ҳаррӯзаамон бояд аз ҳарвақта дида, бештар ҷиҳати таҳкиму тақвият бахшидани  дӯстии байни мардумони тоҷику ӯзбек талош варзида, саҳмгузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg