БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромии кишвар омили асосии муттаҳидии миллат аст

ВАХШ. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҷамоати деҳоти ба номи М.Вайсови ноҳия дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» хониши сиёсӣ доир гардид.

Зимни мулоқот Шаҳноза Раҷабова вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз қабили аз байн бурдани таассуби динӣ ва ҳуруфотпарастӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона, муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, дар вохӯрӣ зикр гардид, ки масъалаи Ваҳдати миллӣ, суботу оромӣ дар ҳар давру замон аз масъалаҳои умда ва омили таҳкими Истиқлолияти давлатӣ боқӣ мемонад. Моро лозим аст ин арзиши олиро ба қиммати ҷон ҳифз намуда ба наслҳои баъди ба меърос гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg