Ҷ.БАЛХӢ. Дар асоси ҷадвали баргузории чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Парвоғ”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии баргузор гардид.
Дар хониши сиёсӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Содиқова Меҳрубону ва вакилони Маҷлиси вакилони халқии ноҳия иштирок дошта, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, огоҳонидани сокинони маҳал аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар роҳи мубориза бо онҳо, ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию мардумӣ ба хотири паст карди шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани онҳо бо шуғл баромад намуданд.
Инчунин масъулин дар идомаи суҳбат доир ба эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмунҳои ҳизбии “Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”, “Беҳтарин намоиши ҳунарҳои мардумӣ”, Тарроҳи беҳтарин”, “Армуғони хатлонӣ” ва татбиқу роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” андешаронӣ карданд.