БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиёни лаънатӣ мухолифи суботу оромии ҷомеа ҳастанд

ВОКУНИШ. Ман амалҳои навбатии ба ном “мухолифин”-ро, ки дар ҳақиқат ҳам мухолифи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, мухолифи озодии тоҷикон ва мухолифи суботу оромии ҷомеа ҳастанд, қотеъона маҳкум менамоям.

Ҳизби наҳзатиёни хилофкор, ки бинобар фаъолиятҳои ифротию терористиашон аз соли 2015 инҷониб дар Тоҷикистон мамнуъ эълон гаштааст, онҳо таҳти пуштибонии маблағгузорони хориҷиашон аз ҷаласаҳои навбатии САҲА дар шаҳри Варшава истифода бурда, бо дигар ҷинояткорони аз таги дор гурехта ташкилоти дигареро созмон доданд. Ин созмоне, ки ба он «Паймони миллии Тоҷикистон» ном ниҳодаанд, дар ҳақиқат паймони чор наҳзатии лаънатист. Шарм ва марг ба ин нафарон ва ҳамроҳони онҳо бод, ки бо сабабҳои ҷинояткорӣ, хиёнат ва қудратталабиашон аз Ватан дум хода карда, дар шаҳрҳои хоҷагонашон аз номи миллат бе ягон азоби виҷдон бо ҳам паймон мебанданд. Миллати боҳуши тоҷик дигар симои ҳақиқии шумо хоинони ифротӣ ва талбандагадоёни мамлакатҳои хориҷиро ба хуби шинохтааст. Кабирӣ, ки бо ақидаи мазҳабии бегона дар ивази пулу мол мехост Тоҷикистони азизро низ ба мисли кишвари ҳомиаш шиамазҳаб созад, бо дарки он, ки тираш хок хӯрдааст, ба хориҷа гурехта, аз дурӣ ба сӯи давлату миллат ва Ватан санг меандозад. А.Шерзамонов ва боз чанд нафар гумноми дигаре, ки халқи тоҷик аз афту башараи фитнаангези онҳо безор аст, ба хотири дарёфти устухоне, ки хоҷагонаш ба сӯяшон мепартоянд, омодаи ҳаргуна хиёнат ва дуруғбофию ҳарзагӯӣ дар халқи Ватану миллати хеш ҳастанд.

Аммо инҳо хуб бояд дарк намоянд, ки миллати точик дигар ба сафсатагуӣ ва аккоси онҳо ҳеҷ гоҳ бовар намекунад ва ба мисли онҳо мазҳабу имонашонро намефурушад. Ҳайфи шумо, ки тоҷикед, марг ба шумо хиёнаткорони ватанфуруш.

Маҳмадуллоев Бахтиёр вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ҳавзаи интихоботии №13

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg