БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Изҳороти намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Панҷ

Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» - и назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ андеша ва ақидаҳои муғризонаи ташкилоти террористӣ ва экстримистӣ ҲНИ махсусан, роҳбари хиёнаткору ифротии он Муҳиддин Кабирӣ ва дигар пайравонашро шадидан маҳкум менамояд. Имрўзҳо пайравони ин ташкилоти экстремистӣ, бо ҳар гуна роҳу восита мехоҳанд авзои ороми кишвари азизамонро нотинҷ сохта, тавассути барангехтани кинаву адовати разилона миёни миллати сарбаланди тоҷик, шуру низоъро ба миён оваранд.                                                           

Рўзҳои охир, шуру валвала ва тафриқаҳои нопоки Муҳиддин Кабирӣ ва саркардаҳояш ба монанди Муҳаммади Одинабек, Темур Варқӣ ва гурўҳҳои ифротии дигар бо номи Гурўҳи 24 ва Озодандешон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бештар ба назар мерасад. Ин хиёнаткорони ифротӣ ва аз ҷониби мардуми тоҷик лаънатгашта, то ба ҳадде гирифтори ҳасуду кина, дурўғ ва нотавонбин шудаанд, ки ба дилхоҳ дастоварду пешравиҳои Тоҷикистон рашку таассубашон зиёдтар мегардад. Мо хуб огаҳем, шумо мардони аҷнабисурат кишвареро, ки нав соҳибистиқлияташро ба даст оварда хост роҳи давлатсозиро дар замони муосир пеша кунад, бо дассисаву маблағи ғаразноки хоҷагони хориҷиатон ба коми оташ кашида ва бародарро ташнаи хуни бародар гардонида будед.                                                                  

Дар натиҷаи ҳамбастагии азму иродаи халқ бо роҳбарии Сарвари воқеъбину дурандеш мардуми гуреза ва ноумедро ба ҳам оварда, кинаро аз дилҳо дур кард, оромию суббот ва пешрафти кишварро таъмин намуд.

Чун ҳоло ҳам шумо «ғамхорони миллат» гулгулшукўфоӣ, озодӣ, созандагию бунёдкории мардуми Тоҷикистони азизро бо сарварии Пешвои муаззами миллат бо чашми сар надидаед ва агар дида бошед сафедро сиёҳ гуфтан азимтарин гуноҳи инсонист, ки аз курдилӣ бадандешӣ ва гумроҳии шумо  бадбахтон  башорат медиҳад.

Мардуми сарафрози тоҷик ҳеҷвақт намехоҳад, ки  дигар он рўзҳои сахт дубора ба сари миллат баргардад. Чун мақолҳои халқии мардуми мо «Кўр асояшро як бор гум мекунад»,  ё « Мо як маротиба дар шир сўхтаем ва дўғро пуф карда мехўрем»  Мо ҳама он дассисаву найрангҳои иблисонаи Шуморо кайҳо маҳкум намуда, ҷонибдори ягон андешаи шумо нестем. Чунки бо иродаи халқ, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ҳизби бадномгаштаи М.Кабирро   ташкилоти террористӣ дониста  фаъолияташро қатъ намуд.

Илова бар ин, сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай аз 29 январи соли 2016, дар мувофиқа бо Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, ин ҳизбро ба гурўҳӣ ташкилотҳои террористӣ ворид намуд. Дигар барои шумо чӣ гуна асноду далел лозим бошад, ки эътимоди касифатонро қонеъ намояд !

Бояд тазаккур дод, ки ба ҳизби мазкур ба хотири таъмини сулҳу суббот дар мамлакат мақоми қонунӣ дода шуда буд. Ҳоло шукри Худованд, ки бо роҳбарии Пешвои миллат дар сар то сари кишвар сулҳу оромиӣ  ва ваҳдату якдилӣ бараъло мушоҳида мешавад. Дар чунин шароит мардум ба як исломи созанда, яъне исломе, ки мардумро сарҷамъ намояд  ва   фарҳанги  волои ахлоқию маънавиро  дар вуҷуди инсонҳо тарбия созад, ниёз дорад на  ба исломе, ки сиёсат ва авзои ороми давлату минтақаро халалдор намояд. 

Аъзоёни Шурои намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Панҷ дастаҷамъона бар зидди кирдорҳои нопоки Муҳиддин Кабирӣ ва ғояҳои ифротии собиқ ҲНИТ ва дигар ҳамроҳонаш муборизаи беамон бурда, ҷавобан барои таҳкими сулҳу суботи пойдор, ҳимояи сохти Конститутсионии мамлакат, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати сулҳофару созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон талоши ҳамешагӣ намуда, барои боз ҳам ободу зебо гардонидани кишварамон саҳми худро мегузоранд.

Мо ҷавонон  ҳама заҳмату талош, раҳнамоиву роҳбарӣ ва ояндаандешии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  қадр намуда, то лаҳзае, ки ҷон дар бадан дорем, баҳри Тоҷикистони маҳбубамон ба мисли Пешвои маҳбуби миллат барои пойдории ин Ватан ва сулҳу суботи он талош меварзем.

Зиндаву поянда бод, Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол, бо Сарвари эҳёгару ободкораш Эмомалӣ Раҳмон !

 

Аъзоёни Шўрои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар н. Панҷ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg