БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳақ ниҳон нест, вале хиранигоҳони ТЭТ ҲНИ кӯранд!

ВОКУНИШ. Баъди воқеаҳои нохуши солҳои  1992-1997 бар асари ин хисороти ҷонию молии зиёд ба бор овард роҳбарияти кишвар, махсусан Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мардумро сарҷамъ карда, барои ободонию бунёдкориҳо дар кишвари азизамон сафарбар намуд. Имрўз Тоҷикистон-Ватани маҳбуби мо дар тўли даврони истиқлолият дар кадом сатҳ қарор дорад ба ҳама маълум аст.

Вале онҳое, ки ташаббускори ҷангҳои онвақта буданд, боз дар пайи халал расонидан, расидан ба мақсадҳои зишту нопоки худ ҷаҳду талош доранд.

Воқеаҳои солҳои баъдӣ хусусан хиёнати генерал Ҳалим  Назарзода гувоҳи он аст, ки онҳо, ҳарчанд медонанд, ки дар Ватан ҳамагон онҳоро мешиносанд, аз аъмоли зишташон огаҳ ҳастанд, боз роҳи туҳмату буҳтону кинапарвариро ба ҳукумати имрўза, роҳбарияти давлат пеша карданд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мардуми Тоҷикистон дар як фазои орому осоишта зиндагонӣ доранд. Агар нохушие дар ин байн сар зада бошад, бо ташаббусу дархосту ташкилотчигии воизони дар боло номбаршуда ва гурўҳи дигаре аз наздикони онҳо ба амал пайвастааст. Таклифи Н.Ризоӣ оид ба матраҳ сохтани чанд амали муштарак аз ҷониби худи онҳо бесабаб нест. Охир онҳо бояд шўр андозанд, ҷанг ташкил кунанд, амалҳои даҳшатафкан содир созанд. Вале, ҳайҳот, дигар дар Тоҷикистон ягон кас ба онҳо бовар намекунад ва аз пайи онҳо нахоҳад рафт. Дар Тоҷикистон, шукри беҳад, ки ҳама аз  рўи касбу кори худ вобаста ба имконият фаъолият дорад.

Эмомалӣ Раҳмон пеш аз Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олӣ ҳеҷ гоҳ боварӣ надошт, ки Роҳбари давлат интихоб мешавад. Аз он ки Худо ва вакилони онвақта  ўро хуб шинохтанд, дар Иҷлосия ўро ба ҳайси Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд, яъне мансаби аввали давлатӣ  бо хости Худо ва мардум ўро ёфт, на ў мансабро. Ин дар ҳоле буд, ки ягон кас роҳбарии Тоҷикистонро ба ўҳда намегирифт.

Бояд софдилона изҳор кард, ки барои Эмомалӣ Раҳмон ҳам он вақтҳо ҷону тан лозим буд, вале ў худро бе халқ, бе миллат, бе Ватан тассавур карда наметавонист. Бо мадади Худо ва мардуми бофарҳангу ватандўсту инсонсолори кишвар ў ба мақсади худ расид: мардумро муттаҳид сохт, гурезагонро ба Ватан баргардонд, ҷангу хунрезиро хотима бахшид, сулҳу ваҳдатро    бунёду барқарор  намуд. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ҷониби роҳбарони қувваҳои бархўрд, чӣ мухолифину чӣ ҳукумат, инчунин шахсони мусоидаткунанда ба имзо расонида шуд. Он вақтҳо ашки шодӣ дидаю рўйҳои тоҷикистониёнро мешуст, гўё гарди чанг ва ғубори хунрезиҳои гўшношуниду даҳшатбори ҷангро аз вуҷуди ҳар як ҳамватани мо тоза мекард.

Ҳарчанд борҳо давлату ҳукумати Точикистон гушоҳашонро  борҳо авф карда бошад ҳам,  онҳо ба хулосае наомаданд, боз дар пайи халал расонидани оромии Ватан, расидан ба мақсадҳои зишту нопоки худ мезананд.

Роҳбарони фирории ТТЭ  ҲНИ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун  фирор карда, дар Аврупо паноҳ бурда, барои мабалғҳои  бедардимиёнро ба даст овардан дар  расонаҳои хабари маводҳои беасосро паҳн мекунанд, ки гўё гуноҳе накардаанд. Лекин, ба ин  суханони беасоси онҳо дар Тоҷикистон касе  бовар намекунад. Зеро ҷиноятҳои сангину хиёнатҳои нобахшидании ҳизби  наҳзат ба мардуми кишвар  маълуманд ва бо далелу санадҳо гуноҳҳои онҳо исбот гардидаанд.

Як қатор кишварҳои хориҷ, созмонҳои бонуфуз ва коршиносони маъруфи минтақаҳо баъди огоҳӣ пайдо карда, ин ҳизби ғайриқонуниро як ташкилоти террористӣ эътироф намуданд.

Ҳамчунин,  ин фирориёни наҳзатӣ аз фаъолияти террористиву ифротии худ даст накашидаанд. Аз тарафи дигар онҳо  мустақил нестанд ва маҷбуранд, ки супоришҳои маблағгузорони худро иҷро кунанд. Пулу моли бедарди миён  бадастомада чашми  онҳоро хира кардааст. Барои зиёд намудани сафҳои худ ва сафед кардани гуноҳҳояшон дар сомонаҳои интренетиашон маводҳоеро паҳн мекунанд, ки хусусияти ифротӣ дошта зидди манфиатҳои Ватану миллат мебошанд.

Аз ҷониби онҳо анҷом ёфтани амали нангину даҳшатноки куштори гурўҳи сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон  исботи дигари марази террористию ифротии онҳоро нишон дод.

Имрўз якояки мардуми Тоҷикистон пешрафту рушду тараққиёти кишвари худро таҳти роҳбарии фарзонафарзанди наҷиби халқу миллат бо чашмони худ дида истодаанд. Ҳамагон хуб медонанд, ки мақсаду мароми ягонаи ҳукумату давлати Тоҷикистон, бахусус, Сарвари он Эмомалӣ Раҳмон расидан ба зиндагии шоистаю бофароғати халқ мебошад. Дар роҳи расидан ба ин мақсад  маҳз, бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари кишвар халқи Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоишу оромиш ба меҳнати содиқонаю суботкорона ва бунёдкоронаю созанда камари худро мустаҳкам  баста, дигар ба васвасаю хиранигоҳии ҳеҷ кас, ҳеҷ гоҳ бовар намекунанд.

 

Сатторов Абдуалим, вакили Маҷлиси вакилони халқи

ноҳияи Панҷ.

                                              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg