ВОКУНИШ. Дар ҳар давру замон дилхоҳ давлат ва ҳукумат барои дифо аз ҳуқуқи шаҳрвандон ва амнияту суботаш аз сохторҳои интизомӣ истифода мебарад.
Дар воқеъ, давлатсозӣ ба алангаи оташ ва намоишу тамошокорӣ эҷод намешавад, ба гунае, ки созмони иғвоандози «Анҷумани озодандешони тоҷик» таҳти роҳбарии Алим Шерзамонов даъво дорад.
Ба андешаи ботил, Алим Шерзамонов истифодаи нерӯро дар муқобили ҷинояту ҷинояткорӣ дар Хоруғ қабул надошта, аз фаъолияти онҳо пуштимонӣ менамояд. Ин амали Алим Шерзамонов баёнгари он аст, ки пуштибонӣ аз олами ҷиноят ва нооромии кишвар барои уву ҳаводоронаш маъракаи хурсандию сур асту ободии Тоҷикистонро ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳанд.
Барои 4-5 ҷинояткор, ки дар Хоруғ силоҳсолорию хариду фурӯши маводи мухаддирро аз иҷрои талаботи қонунгузории амалкунанда афзалтар медонанд, таъмини амнияти анқариб 28 ҳазор сокини ин шаҳри бостонӣ аҳмият надорад. Ё, шояд Алим Шерзамонов бо ин тоифа ҷинояткорон ҳамкорӣ дорад, ки баъди танг гардидани мавқеи онҳо аз сарчашмаи даромади молиявӣ монда ва барои ҳифозати онҳо ба иборае «ҷор» задан назди ҷомеаи ҷаҳониро ба худ касб кардаасту ба ақидаи хоинонааш аз ин ҷинояткорон дифо менамояд.
Ба таваҷуҳи ин «озодандеш» мерасонем, ки истифодаи нерӯ ва фаъолияти бонизоми сохторҳои зидахли давлатӣ дар дилхоҳ нуқоти кишвар ба хотири осоиштагии дигар шаҳрвандон аст. Ва, давлат барои дифои шаҳрвандон ва пойдории сохти конститутсионӣ дар ин маврид ҳам масъулияту ҳам ҳуқуқ дорад.
Долонҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро ба ақидае «охурча» кардаю бо 5-6 нафар нохалафи бо ном «озодандеш» сари давлату миллат санги маломат задан барои Алим Шерзамонов ва ҳамаслаконаш макони худнамоишдиҳию чоплусӣ гардидааст. Ин тоифаи мухолиф фикр мекунанд, ки садои онҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон мақом дораду мардуми кишвар сухани онҳоро ба таври мусбат қабул медоранд. Вале, воқеият он нест, ки Алим Шерзамонов тасаввур мекунад.
Мардуми Бадахшон аз амалҳои хиёнаткоронаи шумою 3-4 ҷинояткор, ки садди роҳи пешрафту шукуфои ин гӯшаи дурдасти Ватан гардидаанд, безоранд ва барои хунсо кардани онҳо ҳатман ба мақомоти дахлдори давлатӣ ҳамкорӣ мекунанд. Ва шумою ҳаммаслаконатон инро ҳатман аз дур мебинаду месӯзед, ки чаро хостаҳоятон амалӣ намешаванд. Ба он гунае, ки курмуш дар ҳасрати борон медаваду медавад ва оқибат фано мешавад, аммо борон намеборад.
Малоҳат Қурбонова, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин