ВОКУНИШ. Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Шарофудин Гадоев ва Илҳом Ёқубов, ки ҳар чор хоинони миллат худро роҳбарони ТТЭ ҲНИ, Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ хондаанд, ки ҳамагӣ ба ҷуз авомфиребӣ ва тафриқаангезӣ дигар коре надоранд, дар Варшава ҷамъ омадаву байни худ “созишнома”-и ғаразолудаву ифротгароёна имзо кардаанд ва дар ин росто иттиҳоде бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис додаанд.
Ин имзогузории ғаразолуд дар санае рух дод, ки мардуми сарбанди Тоҷикистон аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии худ бо роҳандозии чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ пешвоз гирифтанд. Албатта, ин хоинони миллат аз куҷо донанд, ки Истиқлолият чӣ ҳасту ваҳдату ҳамдилӣ чӣ. Дар баробари ин шарм накарда, дар ин нишаст барои худ ин рӯзро муқаддас шумурданд. Бояд гуфт, ки ин рӯзи муқаддас ба шумобарин хоинон ягон рабте надорад. Чунки ҳамаи он нобасомониҳо ва бадбахтиҳои миллати тоҷик сар карда, аз солҳои 90-ум то ин ҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо айби шумо сар задааст.
Баъди ҳамоиши номумаваффақонаи наҳзатиён рӯзи 15 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Дормунди Германия ва ё дар филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам», ки яке аз асосгузорони ТТЭ ҲНИ Аёмиддин Сатторов бо тахалуси “Мулло Аёмуддин” ба таври возеҳу равшан ва ошкоро томими ниятҳои ғаразу шуми аъзо ва роҳбарони ин ҳизби террористиро ифшо сохтан, Кабирӣ худро аз ин ҳолати танг баровардан ва гуноҳҳояшро пушонидан бо миёнаравони худ ҷаъм шудаву ба қавле Паймон бастанд.
Ҳамагӣ дар гуноҳҳои зиёд ғарқеду боз бар замми ҳамаи ин созмону паймонҳои дуруғин мебандед. Кадому паймону созмон? Дар ҳоле, ки ин ҳизби наҳзатӣ мамнуъ асту дар дохили кишвар фаъолият намекунад, чӣ гуна метавонад дар хориҷ ва зери ақидаҳои хоҷагонаш ҳамроҳи ҳаммаслакону ҳамсафон вазъияти дохилиии Тоҷикистонро баррасӣ намоянд.
ХОИНОНИ МИЛЛАТ АЗ КУҶО ДОНАНД, КИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ЧӢ ҲАСТУ ВАҲДАТУ ҲАМДИЛӢ ЧӢ!!!
Дар оғоз яке аз иштирокчиёни ин нишаст ба 27-уми солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҳамаро табрик кардаву дар идомаи суҳбат мегӯяд, ки “аз насими ин истиқлолият тамоми тоҷикистониён ба сурати фардӣ ва ба сурати ҳизбу ташкилотҳои сиёсӣ истифода мебурданд, аммо, бо каломи таассуф ингуна нашуд...”
Бубинед, мо тоҷику тоҷикистонӣ аз хурду то бузург бо шодиву нишот аз ин неъмати бебаҳо яъне 27-солагии Истиқлолият ҷашн гирифтем. Аммо, ғайр аз шумо, ки аз дур истодаву бо чашми ҳасуд менигаред, дарун ба дарун меҷӯшед, ки аз ин дастоварди беназир баҳра намебаред ва ҳамчун хоин дур аз Ватану миллат ҳастед. Ба гунаи худатон агар мешуд, имрӯз тамоми Тоҷикистон ба хуну хок оғушта мегашту аз харитаи ҷаҳон ҳамчун давлат нест мешуд. Шумо дар онҷо будагон, зархаридед ва бо дастгирии хоҷагони хориҷиатон тавассути аҳду пайёмонҳои бардуруғ талош бар он доред, ки Тоҷикистони биҳишосоро ба майдони ҷангу хунрезӣ монанди давлатҳои Ироқу Сурия табдил диҳед. Зеро агар касоне халадоркунандаи Истиқлолияти мардуми Тоҷикистон бошанд, бешубҳа ин ҳам аъзои ТТЭ ҲНИ ва миёнаравони бо ин ҳизби мамнуъ пайвастагӣ дорад, мебошанд.
МУҲИДДИН КАБИРӢ, АЛИМ ШЕРЗАМОНОВ, ШАРОФУДИН ГАДОЕВ ВА ИЛҲОМ ЁҚУБОВ ҲАРЧОР САГСИФАТОН ХОҶАГОНАШОН ЯКЕСТ.
Ин шахсон барои расидан ба ҳадафҳои шуми хоҷагони хориҷиашон тавассути пинҳон шудан зери манфиатҳои миллӣ амал намуда, мехоҳанд ба раванди давлатдории миллии мо халал ворид созанд. Барои ҷалби таваҷҷуҳи хоҷагонашон Кабирӣ тавассути миёнаравони худ ё “фоҳишаҳои сиёсӣ”, ки рӯзноманигор - Маъруф Соҳиб дар матлаби хеш таҳти унвони ХОИНОН ДАР ҲИМОЯИ ҶИНОЯТКОРОН (Ё худ минбарихоҷагон дар ихтиёриғуломон), ки дар сомонаи http://www.khatlon.tj чунин унвонашон додааст, миёни худ аҳду паймон мебанданду ба мардумфиребӣ даст мезананд. Мақсади ниҳоии онҳо ба ҳама равшан аст, ки ин гуруҳҳои манфиатҷӯ ҷиҳати иҷрои хостаҳои хоҷагонашон камари ҳиммат бастаанд на чизе дигар. Аз бастани Паймони дуруғини онҳо мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҳарчор сагсифатон хоҷагонашон якест. Шумо мардуми тоҷикро хеле содда шуморидаеду бо як Паёмонаки бардуруғатон мехоҳед мардумро ба таҳлуқа андозед!? Ҳаргиз на, раванди давлатдории миллии мо, ки саропо дар асоси хостаҳои миллӣ бунёд ёфтаанд ва ҷаҳон онҳоро эътироф намудааст, мо мардуми шарафаманди Тоҷикистон ҳаргиз имконият намедиҳем, ки шумобарин хоинону лаънатхондагон ин равандро халалдор намоед.
Аз ин нуқтаи назар бармеояд, ки ин на “Паймони миллии Тоҷикистон” аст, балки имзогузории ғаразолудаву паймони ифротгароёна мебошад.
Мо мардуми тоҷик ба доми шумобарин ватанфурӯшон, ки аз ҷавобгариҳои ҷиноятӣ ба хориҷи кишвар гурехта, хиёнатҳои худро ба халқу Ватан бо кӯмаки хоҷагони хориҷиатон ба анҷом мерасонед, дода намешавем. Ва тамоми нерӯи худро барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, истиклолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи мамлакат ровона хоҳем кард.
Фирузи Саидмӯъмин, Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб