БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд...

ИЗҲОРОТ.Мо се ҳазор ҷавонмардони содиқи Ватан аз ноҳияи Вахш тавассути шабакаҳои интернетӣ навори муноқишаи байни нафарони ҳайати намояндагии  Ҳукумати кишвар  дар машварати солонаи САҲА ва нафарони дарандаҳайвонсурати ТЭТ ҲНИ-ро тамошо карда, бори дигар итминони комил пайдо кардем, ки ТЭТ ҲНИ аз ибтидои пайдоишаш то ба имрўз дар ҳолатҳои заъфаш барои рўйпуш намудани ҷиноятҳои содирнамудааш ва барои худро мусичаи бегуноҳ вонамуд кардан ба дасиса, иғвогарӣ,  шаттоҳӣ ва шонтаж барин амалҳои зишт ба таври беҳаёна даст мезанад.  

  Аз тамошои  навори видеоӣ  баръало маълум мегардад, ки  рӯзи 11 сентябр ҳангоми баъди ҷаласа тарк намудани аъзои ҳайати ҳукумати Тоҷикистон дар даромадгоҳи бинои баргузории машварати  солонаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо намояндагони ТЭТ ҲНИ барои ташкили бетартибиҳо ҷамъ омада буданд. Дар ҳамин асно нафарони нисбатан калонсолтари наҳзатиҳо дар ҳар тараф бетартибона истода назора мекарданд ва барои ташкили шонтажу барангехтани иғво  Орзуев Сулаймон ном намояндаи нисбатан хеле ҷавони худро, ки ба қавле аз даҳонаш бўи шир (шояд шири хар) меомад, ба тарафи намояндаҳои ҳайати ҳукумати кишвар фиристоданд. Орзуев Сулаймон расмҳои навиштаҷоти иғвогарона дар даст ба тарафи намояндаи ҳайати расмии кишвар Айёмиддин Сатторов давида, мехоҳад навиштаҷоти иғвогаронаро ба дасти ў дода, бе розигии Айёмиддин Сатторов ўро аксбардорӣ намояд. Намояндагони дигари ҳайати расмии кишвар ба ин амали Орзуев Сулаймон монеъ шуданд, вале ў кушиш мекард, ки супориши гирифтаашро дағалона ҳам бошад, бояд иҷро кунад. Дар ҳамин вақт намояндаи дигари ҳайати расмии кишвар рафтори дағалонаи Орзуев С-ро дида ба наздаш омад ва як мушти обдор ба рўи ў мезанад. Сипас, Орзуев Сулаймон кўдаквор фарёд мебарорад, ки маро зад, ман кўдак ҳастам. Ин манзараҳоро дар навор мушоҳида намуда, мо ба амалкарди ҷавонмардонаи намояндаи расмии ҳайати ҳукумати кишвар Муродҷон Саидов аҳсану офарин хондем. Мо аз он ифтихор дорем, ки ба мисли Муродҷон Саидов садҳо ҳазор ҷавонони баору номуси Ватан ҳамеша ва дар ҳама ҷой баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, ягонагиву ваҳдат ва ҳифзи сулҳу суботи кишвар омодаанд, ки ба ҳамагуна душманони дохиливу хориҷӣ муқобилияти шадид нишон диҳанд.

Мо итминони комил дорем, ки парда аз рўи сиёҳи наҳзатиҳо аллакай бардошта шудааст, чеҳраи манфури аслии онҳо барои аксарияти кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмиллалӣ ошкор гардидааст. Боварӣ дорем, ки САҲА низ бадкориҳову амалҳои террористии наҳзатиҳои ифротиро нодида намегиранд ва дар шинохти аслии онҳо ба иштибоҳ роҳ намедиҳанд. Бахусус  мо бар он умед мебандем, ки давлатҳои аврупоии ба мо дўсту равобити ҳасанадошта, аз муносибат бо ТЭТ ҲНИ аз эҳтиёт кор мегиранд ва барои истирдоди ҷинояткорони наҳзати ба ватан иқдомҳои оқилона рўи кор мегиранд. Зеро, ин ташкилоти террористӣ бо дастури хоҷагони эронии худ бо роҳи дасисаву фитнагарӣ ва маккорона ба боварии давлатҳои демократӣ даромада, қодиранд андешаву амалкарди ҷинояткоронаи худро ба мавқеъи расмии давлатҳои паноҳандаашон  нисбат дода, дар гусастани муносибатҳои дўстонаи байни давлатҳоямон мувафақ шаванд.

Роҳбарони ТЭТ ҲНИ дарк карданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳамаи амалҳои ифротгароиву террористии онҳо тадриҷан огоҳӣ пайдо намудаанд. Барои дар минбаъда қатъ нагаштани фаъолияти ҷинояткоронаашону барои худро ба чашми созмонҳои байналмиллаливу давлатҳои демократӣ ҳамчун ташкилоти демократӣ муарифӣ намудан, нақшаи маккорона таҳия карданд. Тибқи нақшаи маккоронаашон аъзо ва пайравони худро се чор нафари тақсим намуда, ҳар кадоме ба худ номҳои назарфиребу болохонадор гузоштанд ва гўё ҳаракату созмонҳои нав таъсис дода бошанд. Ин ҳаракату созмонҳои дурўғини наҳзатӣ дар арафаи ҷаласаи солонаи САҲА гўё байни гурўҳҳои худ гуфтушунид анҷом дода, ба таъсиси эътилофи бо ном Паймони миллии Тоҷикистон, ки ин ном барои онҳо комилан мувофиқ набудаву хандаовар мебошад, комёб гаштанд. Вале дар асл ҳамагӣ аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИ мебошанду халос.

Хеле тааҷҷубовар мебошад, ки ТЭТ ҲНИ аз рўзҳои таъсисёбиаш то ба имрўз мардумро ба гумроҳи бурда, изҳор медоранд, ки ҳадафи ниҳоии онҳо дар Тоҷикистон бунёди давлати бо ном исломӣ мебошад вале имрўзҳо даъво пеш меоранд, ки ин фаҳмиш нисбати онҳо туҳмату ғалат буда, дар асл онҳо ҷонибдори давлати демокративу дунявӣ мебошанд. Мантиқ куҷост? Дар кадом маврид дунявият бо дин метавонад ҳамсон бошанд? Маҳз барои идома додани фаъолияти тахрибкоронаи худ ТЭТ ҲНИ эътилофи дурўғину беарзишеро таъсис дода, ба ақидаву мақсадҳои асримиёнагии худ пўшиши демократӣ дода, мехоҳанд аз лутфу ҷонибдории  созмонҳои байналмиллаливу давлатҳои аврупоӣ бархўрдор гарданд. Зеро, онҳо амиқ дарк кардаанд, ки ҷомеаи шаҳрвандии кишвар аз ҳадафҳои муғризонаи онҳо кайҳо боз огоҳӣ ёфтаанд ва ба ҳеҷ ваҷҳ аз ТЭТ ҲНИ ҷонибдорӣ намекунанд. Мардуми шарифи кишвар ба хусус истиқоматкунандагони ноҳияи Вахш табоҳкориву қатлу куштор ва ваҳшату даҳшатафкании фашистонаи ТЭТ ҲНИ-ро бо чашми сар дидаву бевасита дар ҳаёти худ эҳсос намудаанд. Бинобар ин мо ба тамоми мардуми кишвар ба хусус ба ҷавонмардони дар хориҷ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта муроҷиат карда мегўем, ки ҳаргиз ба дасисаву фитнагарии намояндаҳои ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслаконашон дода нашаванд! Ин ташкилоти террористӣ ҳаргиз дар фикри ободии ватан ва хуб гаштани зиндагонии мардуми тоҷик набуду нест. Ҳадафи асосии ТЭТ ҲНИ бо роҳи зўрӣ ғасби давлат ва бунёди давлати бо ном исломии шиагароӣ  мебошаду бас. Мо як гурўҳ истиқоматкунандагони ноҳияи Вахш ҳамагуна амалкарди разилонаи ТЭТ ҲНИ-ро қотеъона маҳкум намуда, барои муборизаи беамон бурдан бо наҳзатиҳо омодагии ҳамешагии худро иброз медорем! Дар ин радиф аз кулли мардуми шарифи Тоҷикистон бахусус аз ҷавонмардони бо нангу номуси миллат даъват ба амал меорем, ки аз мавқеи мо ҷонибдории амиқи хешро изҳор намоянд! Боқӣ бо умеди боз ҳам ободу зебо гаштани Ватан ва таҳкими қавии сулҳу бародарӣ дар кишвар ба ҳамаи Шумо аз самими қалб сидқан хонаободиву сарбаландиро таманно дорем! 

Се ҳазор ҷавонмардони бо нангу номуси ноҳияи Вахш.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg