БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Воқеият ва ҳақиқат ба ҳама маълум шуд

ВОКУНИШ. Воқеият ва ҳақиқат ба ҳама маълум шуд, ки ТТЭ ҲНИ меъмор ва роҳбалади асосии ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ буд. Амалҳои зишти онҳо  имрӯз ба ҷомеаи байналхалқӣ низ ошкор гардид.

Аёмиддин Сатторов, ба гуфти наҳзатиҳо «Мавлавӣ»-и дар филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» ба таври ошкоро ба мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ расонид, ки чунин ранг гирифтани корро ҳатто роҳбарони наҳзат тасаввур намекарданд ва дар интизораш ҳам набуданд. Ин ошкорбаёнии Аёмиддин Сатторов ба ҳолати шок афтодани роҳбари ҳизби террористӣ –Муҳиддин Кабирӣ хоини давлату миллат боис гардид.

Бар замми ҳамаи ин боз шарм накарда, ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар зидди миллати тоҷик мубориза мебарад, ки ба мақсадҳои нопокаш нахоҳад расид.

Хоинони миллати тоҷик яқин бидонанд, ки ҳеҷ гоҳ ва ҳеҷ вақт ба ҳадафҳои нопоки хеш нахоҳанд расид. Мурдуми шарафманд ва бонангу номуси Тоҷикистон он амалҳоеро, ки дар солҳои навадуми асри гузашта бо дастгирии хоҷагонатон анҷом додед, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард. Ё ин ки мехостед рӯзи 4-уми сентябри 2015 тавассути А.Назарзода бо тахалуси (Ҳоҷи – Ҳалим) Тоҷикистонро боз ба майдони ҷангу хунрезӣ табдил диҳед. Ва он амалӣ нангине, ки дар ноҳияи Данғара ба вуқуъ пайваст, ки дар он маҳз ТТЭ ҲНИ даст дошт ва бо ин восита мехост Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллӣ аз лиҳози амну субот заиф нишон диҳед, фаромӯшношуданист. Тамоми сокинон ва бошандагони Тоҷикистон аз хурд то бузург якдилона аз ҳақиқат огаҳанд ва онро хуш қабул мекунанд.

Мардуми Тоҷикистон дар муҳити сулҳу субот дар ҳамдиливу ва ҳамдигарфаҳмӣ зисту зиндагонӣ доранд. Шумо бодхоҳони миллат фаромӯш накунед, ки мо миллати тавоноем ва арзиши Истиқлолиятро, ки бо ҷонбозиҳо ва заҳмату машақати зиёд ба даст овардаем медонем. Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон - манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як тоҷик мебошад. Мо аз ин миллати баруманди ифтихор дорему ва барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат менамоем.

 

Ҳотам Раҷабӣ Асозода – вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg