БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Робитаи ҲХДТ бо маҳал тақвият меёбад

А.ҶОМӢ. Бо мақсади иҷрои босифати ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимсолаи дуюми соли 2018 кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Бӯстон Сулаймонова»-и деҳаи Бӯстон Сулаймоноваи ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ гузарониданд.

Ҳамзамон, зимни вохӯрӣ баромадкунандагон дар якҷоягӣ дар партави Аксияи номбурда ҳал кардани мушкилотҳои ҷойдоштаи маҳаллу деҳаи худ ва саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагии Ватани маҳбубамон суханронӣ карданд.

Инчунин, масъулин дар ин раванд самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва  эълон гардидани соли 2018 дар кишвар ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро баррасӣ карда, сокинонро барои дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани  Сол  рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg