ҶАЙҲУН. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Идораи давлатии обу корез» вохӯрии судманд дар мавзӯъ “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарзона Ализода, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Насимахон Ғаффорова доир гардид.
Чорабиниро котиби ташкилоти ибтидоӣ кушода, оид ба масъалаи болозикр равшанӣ андохт ва сухани ифтитоҳиро ба Фарзона Ализода супурд.
Мавсуф оид ба ин масъала муфассал суханронӣ намуда, иброз дошт, ки барои миллати бофарҳангу соҳибтамаддуни тоҷик мояи ифтихору сарфарозист, ки ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мегарданд аз ҷониби СММ, созмонҳои бонуфӯзи дунё ва аҳли башар дар масъалаи ҳалли мушкилот ва норасоии об дар сайёра дасгирии комил меёбад. Хусусан ташаббуси чаҳоруми Пешвои миллат оид ба масоили об Даҳсоли байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» аз он иқдомҳое мебошад, ки шаъну эътибори давлату миллати тоҷикро дар миқёси ҷаҳон боз ҳам баланд бардошт.