БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз фаъолияти хуби хоҷагидорону кишоварзон вобастагӣ дорад

Н.ХУСРАВ. Тибқи  ҷадвали  тасдиқгардида  дар   ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  ҷамоати  деҳоти  Фирӯзаи ноҳия    дар  мавзӯъи ҷалби  бештари сокинон  ба  соҳибкорӣ, хоҷагидорию  кишоварзӣ ва  корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири  паст  кардани  шиддати  бекорӣ ва  фаро  гирифтани  онҳо  бо  шуғл  хониши  сиёсӣ  баргузор  гардид.

Ҷамъомадро мудири шуъбаи  таблиғот, иттилоот  ва  матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ   Муродов  Раҳмон  ифтитоҳ намуда, мақсади  вохӯриро  фаҳмонида  дар  маҷмуъ қайд  намуд, ки Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Раиси  муаззами  ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  солҳои  нахустини роҳбарии   худ барои  баровардани  мардум аз  фақириву  камбизоатӣ ба  ҳар хонавода  дар  деҳот барои кишту  кори  замин  бахшида  буд, ки  имрӯз  ин  заминҳоро  мардум  бо  унвони  “Заминҳои  Президентӣ”  мешиносанд.

Мардум  дар  ин заминҳои  бахшидаи  давлат асосан  зироати  гандум  кишт  мекунанд,  ки  нисбати  дигар  зироатҳо  камхарҷ  мебошад. Инчунин,  дар  заминҳои  наздиҳавлигиашон  полезӣ ва  дигар намуди зироатҳоро  мерӯёнанд ва аз ин ҳисоб рӯзгори хешро пеш мебаранд. Вазифаи   асосии ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар байни мардум бурдани корҳои табоиғотиву ташвиқотӣ ва   ба  онҳо  фаҳмонидани  истифодаи  дурусти заминҳои корам,  ба  бозор  баровардани  меваю  сабзавоту меваҷот барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат бояд намояд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg