БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дар ҳаққи душманони миллат чораҳои қатъӣ андешида мешаванд

ХОВАЛИНГ. Мутобиқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ ва суҳбату вохӯриҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сиёҳфарк» оид ба омӯзиши самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

 Дар назди аъзои ҲХДТ мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷамолиддин Қаюмов баромад намуда, ба ҳозирин атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ маълумоти муфассал дод. Мавсуф аъзои ташкилотро ба вазифаҳое, ки аз Паёми навбатии Пешвои миллат бармеоянд, шинос намуд. Ҳозирин аз баромад дар бораи зарурат ва аҳамияти сарфаю сариштакорона истидабарии нерӯи барқ ва пардохти саривақтии барқи истифодашуда, хатари терроризм ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, нашъмандию нашъаҷалобӣ, коррупсия ва роҳҳои мубориза бо онҳо маълумоти кофӣ ба даст оварданд. Ҳамчунин дар баромад дар бораи аз байн бурдани таассуби динӣ ,бегонапарастӣ ва майл намудан ба фарҳанги бегона ва дигар масъалаҳои таваҷҷуҳи назари шунавандагон сухан рафт.

Ҷамолиддин  Қаюмов дар бораи ҳодисаи мудҳиши дар роҳи Кӯлобу Душанбе рухдода, ки бо дастури роҳбарони ТТЭ ҲНИ ва террористони омоданамудаи ин ҳизб ба вуқӯъ пайваст, сухан ронда, сабаби онро дар бетаваҷҷуҳии падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд арзёбӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg