БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баланд бардоштаи маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ

ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази бемориҳои пӯст ва сирояткунандаи ҷинсӣ»-и ноҳия бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази бемориҳои пӯст ва сирояткунандаи ҷинсӣ»-и ноҳия Валиев Дилшод дар борааи касалиҳои пуст ва сирояткунандаи ҷинсӣ бо ҷамъмадагон суҳбат намуд.

Давлатҷон  Ғаффорзода дар суханрониаш қайд кард, ки солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд. ҲХДТ бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияи замонавӣ ва тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ мешуморад, қайд гардидааст дар барномаи ҲХДТ.

Дар охир  мавсуф ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази бемориҳои пӯст ва сирояткунандаи ҷинсӣ»-и ноҳия маводҳои ташвиқотию таблиғотиро дастрас намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg