БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ шарафи бузургу ҷавонмардист

ФАРХОР. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ташкилоти ибтидоии «Ғайрат»  баргузор гардид.

Дар мулоқот мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳмонов Далер оид  ба хатарҳои терроризму экстремизм, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталифи  хоҷагии халқ дар даврони истиқлолият зери сиёсат ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Ҳамчунин дар мулоқот раиси ташкилоти ибтидоии номбурда Қаюмов Маҳмадалӣ атрофи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ» ва вазифаи аҳли ҷамоатчигӣ оид ба омода ва сафарбар кардани навҷавонон ба хизмати ҳарбӣ изҳори ақида карда, иброз дошт, ки мо  масъулони ҳизбӣ ҷиҳати иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ барои  сафарбар намудани  ҷавонони синни даъватӣ бо корщои оммафаҳмонии худ саҳми назаррас хоҳем гузошт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg