БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо ҳизбиён ба фориғбол будан ҳақ надорем

ПАНҶ. Бо мақсади тақвияти робита бо маҳал бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ тибқи ҷадвали баргузории мулоқотҳо бо аъзо ва фаъолони ташкилоти ибтидоии “Шоҳмот”-и ҷамоати деҳоти Озодагон вохӯрӣ баргузор гардид. 

Дар он муҳтавои Паёми навбатии  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ   мавриди  баррасӣ қарор гирифт.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Шомаҳмадзода Музаффар, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Атавуллоева Зебунисо иштирок ва суханронӣ намуданд. Масъулин, дар баромадашон оид ба ҳадаф, маром ва самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд, гуфта гузаштанд.

Дар Паёми имсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди сайёҳиро яке аз самтҳои афзалиятнок арзёбӣ намуда, зикр карданд, соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки сокинони кишвар онро бо хушнудӣ  пазируфтанд. Ин  иқдоми пешниҳодшудаи Сарвари хирадманд барои эҳёи фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ  мусоидат намуда, боиси  беҳтару хубтар шудани сатҳи некӯаҳволии  сокинони кишвар мешавад.

Баъдан, Файзиев Каримҷон оид ба терроризму экстремизм ҳамчун хатари хавфноктарин ба ваҳдату истиқлолият ва амнияти миллӣ, ҳамзамон роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистии дар кишвар мамнӯъ ва  фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъҷаллобӣ  андешаронӣ намуда, қайд кард, ки ҳизбиён пешсафи ҷомеа буда, ба фориғбол  будан ҳақ надоранд.

Дар идомаи вохӯрӣ якчанд нафар фаъолони деҳот ба сухан баромада, ҷонибдорӣ ва фикру мулоҳизаҳои худро нисбати  баромадҳои кардашуда  баён намуданд. Иброз доштанд, ки ҳамаҷониба бо истифода аз ҳар роҳу восита кӯшиш менамоянд, ки ҷавони маҳалро аз ин пайомадҳои хатарноки ҷомеа  ҳифз намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg