БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Арзишҳои давлатдории миллӣ бояд ҳифз шаванд!

ЛЕВАКАНТ. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои шаҳри Левакант дар нимаи дуюми соли 2018 дар ташкилоти ибтидоии «Раёсати хоҷагии манзилӣ  коммуналӣ» хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Назарова Фароғат  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи сокинон ба сарфаву сариштакорӣ, воқифгардонии ҷомеа ва пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсионӣ ва дигар самтҳои муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ  суханронӣ намуданд.

Аз ин рӯ, ҳар яки моро лозим аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар кору фаъолият намуда, дар шукуфоии Тоҷикистони азизамон ва зиндагии боз ҳам шоистаи хеш бо роҳи иштирок дар корҳои ободониву созандагӣ якҷоя саҳмгузор бошем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg