БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг ҳастии миллат ва пояи устувори давлат аст

ЁВОН. Дар деҳаи Тутбулоқи ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вобас та ба иҷрои  ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли равон,  дар доираи Аксияи ҳизбӣ дар ростои  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  баргузор гардид.

Чорабинии мазкур аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҳаёт» баргузор карда шуд. Дар воқеъ дар ҳар як маҳалла, ки чорабиниҳо роҳандозӣ карда мешаванд, занону бонувони ҳунарманд хушнудӣ намуда, эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати Зан-Модари тоҷик арзёбӣ менамоянд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Саёҳат Абдуллоева суханроӣ намуда, зимни андешаронии хеш роҷеъ ба ҳодисаи нангине, ки санаи 29 июли соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ содир гардид ва дар натиҷа чор нафар сайёҳони хориҷӣ кушта ва захмӣ шудаву бистарӣ гардиданд, изҳорӣ нигаронӣ карда, мардумро барои муттаҳид будан, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, риояи қонунҳои миллӣ, расидан ба қадри сулҳу субот,  хизмати содиқона ба халқу Ватан, тарғиби  тарзи  ҳаёти  солим  ва  пешгирӣ  аз паҳншавии  бемориҳои  сироятӣ,  тарбияи  ҳарбӣ- ватандӯстии  ҷавонон  ва  ҷалби  онҳо ба  хизмати  ҳарбӣ, тарғиби  фарҳанги  миллӣ  ва  пешгирӣ  аз  майлӣ  бегонапарастӣ  миёни  ҷавонону  занон  ҳидоят намуд.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорон бо хушнудӣ пазируфта шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg