Ҷ.БАЛХӢ. Мулоқоти навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи Правдаи ҷамоати деҳоти Узун бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Зимни баргузории ин чорабинӣ сокинони маҳалла, намунаи ҳунарҳои мардумиро, аз қабилӣ зардӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, чодарҳои чакан, куртаи чакан, қуроқдӯзӣ, ҷуроббофиро ба маърази тамошо гузоштанд.
Гӯшаи дигари намоишгоҳро намунаи анвои хӯрокҳои миллӣ, сабзавоу меваҷоти тару тозаи маҳсули дастони деҳқонони асил ва консервакунонидашудаи занону бонувони ҳунарманд ташкил медод.
Дар чорабинӣ корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Содиқова Меҳрубон иштирок намуда, атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, озмунҳои ҳизбӣ ва Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” суханронӣ кард.
Дар охир иштирокдорон аз эълон гардидани соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳушҳол буда, миннатдории худро барои иқдомҳои неку созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.