БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон аз ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои ифротӣ огоҳанд

Ҷ.БАЛХӢ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳи сомон» вохӯрӣ доир гардид.

Дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар иштирок дошта, дар назди ҳозирин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, мубориза бар зидди коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз даст надодани ҳушёрии сиёсӣ, андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки онҳо аз гумроҳии ҷавонон истифода карда, бо роҳу восита онҳоро ба доми худ мекашанд, ифтихор доштан аз Ватани озоду обод ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ суханронӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg