БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паём: Истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Алоқачиён»-и назди «Департаменти Почтаи Тоҷик» ва «Тоҷиктелеком»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ашӯров Суннатулло, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон Самадзода Саёҳат ва дишгарон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин ба ҳозирин оид ба ташаккули фарҳанги техникии мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи онҳо ва муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зидди коррупсионӣ дар онҳо маълумот доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg