БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон ҳамчун маркази ҳунарҳои мухталиф эътироф гардидааст

КӮЛОБ. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал мувофиқи ҷадвали баргузории чорабиниҳо дар деҳаи Сарёзии болои ҷамоати деҳоти Зиракӣ роҳандозӣ гардид.

Дар намоиш мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб Мунаввараи Бозоралӣ ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Файзуллоев Алишер иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иштирокчиён дар баромадҳои худ иброз доштанд, ки аз давраҳои қадим шаҳру деҳоти Тоҷикистон бо ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандонаш шуҳрати зиёдеро касб карда буд ва шаҳрҳою маҳалҳои он ҳамчун маркази ҳунарҳои мухталиф эътироф гардидааст. Эълон шудани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз тарафи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ ба он хотир аст, ки соҳаи сайёҳиро якҷоя бо ҳунарҳои мардумӣ тараққи дода, ба ин восита пайдо шудани ҷойҳои корӣ барои ҳунармандон, хусусан занҳои хонашин ва дар ин замина барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg