ЁВОН. Аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар муассисаи давлатии хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Маҳмадрасул оид ба роҳандозии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон қарор доранд!» ва бобати сиёсати хирадмандона ва созандаи ҲХДТ, хосса Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майл ба бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон вокуниши фаврӣ ба маводҳои интиқодии бебунёд дар васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризму экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро бо бошандагони муассисаи мазкур андешаронӣ намуд.
Қайд намудан ба маврид аст, ки Муассисаи давлатии хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон яке аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии фаъол буда, дар ихтиёри худ 75 нафар аъзо дорад.