БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар инсонро ба қуллаи мурод мерасонад

ВОСЕЪ. Бо мақсади таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳалаи Пушёни миёнаи ҷамоат деҳоти Худоёр Раҷабов чорабинии фарҳангӣ вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки муовини раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова ва мидири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия  Мирзоева Гулрухсор бо сокинони маҳаллаи зикргардида доир гардид.

Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова  зикр намуд, ки дар ҳамаи давру замонҳо боздорандаи рушду пешрафти ҷомеа ва омили нооромиҳову гирифториҳо таассуби динӣ мебошад. Таассуби диниро метавон чунин таъриф кард: «Эътиқод ва пайравии кӯркӯронаи хеле сахтгир ба ин ё он ақидаи диниамон, ё бовариҳои дину мазҳабҳо чун ҳақиқати ягона» таассуб навъе аз ҳолати руҳию равони шахсест, ки бар эҳсосот асос дорад, на ба ақл, аз ин рӯ, таассуби динӣ заминаи асосии равони экстремизм ва терроризми динӣ гашта аст.

Мебояд қайд намоем, ки ҷиҳати аз байн бурдани таасуби динӣ дар ҷомеа дар баробари ниҳодҳои давлатӣ ҳамзамон ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва худи шаҳрвандон дар алоҳидагӣ манфиатдор ва масъуланд.

Зимнан мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Мирзоева Гулрухсор вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муффасал суханронӣ намуда, иброз кард, ки иқдоми пешгирифтаи Пешвои  миллат  саривақтӣ буда, барои модарон имкон медиҳад, ки зиндагии хешро беҳтар карда, дастнигар ва муҳтоҷи ҳеҷ кас нагарданд ва ба ин васила миллати хешро дар арсаи ҷаҳон бо ҳунарҳои дастии хеш муаррифӣ намоянд.

        

        

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg