БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Паймончаи намоишие, ки наҳзатиҳоро шарманда кард

Аз тариқи расонаҳои хабарӣ ба рафтори навбатии наҳзатиён дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Полша, ки ба ноором гардондани вазъи сиёсӣ нигаронида шуда буд шинос шуда, онро сахт маҳкум намудам. Ба қавли мардум, ин паймончаи намоишӣ нишон дод, ки худованд ин хоинонро хеле залилу бечора сохтааст. Чунки ҳоли хоин ҳамин аст. Аҳволи ин хоинони аз даргоҳи худованду даргоҳи миллат рондашуда дар асл аз ин ҳам бадтар аст. Ин худозадаҳо аз ватани озоду обод ношукрӣ карда оқибат дарбадару дастнигар ва хокбасар гардиданд.

Ин беандешаҳо хостанд бо ташкили ин паймончаашон қудрати надоштаашонро ба намоиш гузоранд, аммо пуфаки дамкардаашон ҳамон лаҳза кафид.

Ҳангоме ки ҳамчун вакил дар деҳаи Дошмандии ҷамоати деҳоти Сари Хосор бо интихобкунандагон вохӯрдам, зимни суҳбат аён гардид, ки ҳатто мардуми оддӣ ҳам ин ҳиллаву найрангҳои муғризонаи наҳзатиҳоро дарк кардаанд ва ба ҳоли ин паймончаашон ба завқ механданд. Шояд наҳзатиҳои лаънатӣ мардумро содда гумон карда бо номи чор аъзояшон чор гуруҳро номгузорӣ карда, боз байни онҳо паймон мебандад. Он ҳам чи гуруҳҳои аҷибу ғарибе, ки расман касе онҳоро намешиносад. Халқи мо он рӯзҳои даҳшатбори ҷанги шаҳрвандиро, ки дасисабозон ба сари халқи мо оварда буданд, дигар фаромуш намекунанд ва ба ҳеҷ як ҳаракати бадхоҳонаи хоинони миллат фирефта намегарданд.

Идомаи ин фикрҳои байёншударо ман аз баромадҳои иштирокчиёни вохӯрии мазкур дарк намудам. Ҳар як баромадкунанда зимни суханрониаш аз сиёсати кунунии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои миллат пуштибонии қавӣ намуда, дигаронро ба иттиҳоду ҳамфикрӣ даъват менамуд.

Нафарони солхӯрда ва рӯзгордида ҳангоми суханрониашон изҳори назар намуданд, ки мо дар тули зиндагии худ ҳодисаҳои гуногунро аз сар гузаронидем, ҷангу нооромиҳо ва кашмокашиҳои гуруҳҳои нохалафро дидем. Солҳои дар муҳосираи иқтисодӣ қарор доштани собиқ вилояти Кӯлоб ва азоби гуруснагию даҳшати бемориҳои сироятиро то ба имрӯз фаромуш накардаем. Имрӯз, ки дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо тинҷию оромӣ ҳукмфармост, мо ҳамагонро даъват мекунем, ки ҳеҷ гоҳ бозичаи сиёсии дасти душманони миллат нагарданд.

Ш. Ф. АҲАДОВ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Балҷувон.

     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg