БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатбосмачиёни муосир тоҷиконро дигарбора ғулому бедавлат карданианд

Як гуруҳи наҳзатиёни хоин, ки пас аз ифшо шудани ғаразҳои нопокашон худро дар пушти домани хоҷагонашон паноҳ додаанд, имрӯз худро босмачӣ эълон карда, боз байни чор аъзои наҳзатбосмачии худ паймон ҳам бастаанд. Маълум аст, ки ин босмачипаймонашон бар зидди суботи ҷомеа равона шуда, мехоҳанд бо ҳар фитнаву наёранг фарҳангу асолати миллиамонро аз байн баранд. Паймон бастани чор наҳзатӣ ҳамчун чор намояндаи гӯиё созмонҳои алоҳида воқеан барои наҳзатиён шармандагист. Зеро дигар ягон гуруҳ онҳоро эътироф накард. Зеро ҳама медонанд, ки чашми онҳо ба ҷуз пули сиёҳ дигар чизеро намебинад.

         Наҳзатиҳои фитнагар аввал фитнаангезӣ карда, як мушти задаи намояндаи Ҳукумати Тоҷикистонро то андозае тавассути тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиб намуда истодаанд, ки гуё худ бегуноҳанд. Худ қазоват кунед, ки наҳзатиҳои лаъин ба рӯйи ин миллат бо барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ, бехонумон намудани мардуми тоҷик ҳазорон ҳазорон мушт задаанд, ки фаромӯш карданаш номумкин аст. Таърих тешае ки Кабириву хоҷагонаш ба решаи ин миллат задаст ҳеҷгоҳ фаромӯш нахоҳад кард.

Имрӯз андешаи бунёди дурахшони Ватан ҳар як тоҷику тоҷикистониро водор месозад, ки дар ҳама гуна ҳолатҳо аз рӯи ақлу хирад, маърифати созанда амал намояд. Мо ворисони миллати кӯҳанбунёд занҷири шӯҳрати наслҳоро мустаҳкам кардаем ва дар заминаи мероси фарҳангии гузаштагон худ насли нави бунёдкорро тарбия месозем.

 

Тағоев Ҷамшед Ҳайдарович, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз ҳавзаи интихоботии №6

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg