БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Кабирии босмачӣ дар паймонбандӣ шогирди Қориишкамбаи судхӯр аст

Наҳзатиёни хоин, ки ҳамакнун худро меъросбарони босмачиҳои манғит эътироф кардаанд, ба ҷуз авомфиребӣ ва тафриқаангезӣ дигар коре надоранд. Дар Варшава ҷамъ омадаву байни худ “созишнома”-и ғаразолудаву ифротгароёна имзо кардаанд ва дар ин росто ба таври худ “Паймони миллии Тоҷикистон” низ таъсис додаанд. Ин имзогузории ғаразолуд дар санае рух дод, ки мардуми сарбанди Тоҷикистон аз 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии худ бо роҳандозии чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ пешвоз гирифтанд. Албатта, ин хоинони миллат аз куҷо донанд, ки Истиқлолият чӣ ҳасту ваҳдату ҳамдилӣ чӣ. Дар баробари ин шарм накарда, дар ин нишаст барои худ ин рӯзро “муқаддас” шумурданд. Бигзор барои онҳо фитнаҳояшон муқаддас бошад, зеро доираи арзишҳои онҳо аз нуги саллаи Қориишкамба дида дарозтар нест, балки ифлостар аст. Барои мо мардуми сарбаланди тоҷик бошад рӯзи муқаддаси миллӣ ин Истиқлолияти давлатист на ягон хел паймони хоинонаи дигар. Ин наҳзатиҳои лаънатӣ ба муқаддасоти истиқлолият ҳеҷ сарфаҳм рафта наметавонанд. Чунки ҳамаи он нобасомониҳо ва бадбахтиҳои миллати тоҷик сар карда, аз солҳои 90-ум то ин ҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо айби ҳамин наҳзатиҳо сар задааст. Бо айби наҳзатиҳо миллати тоҷик солҳо ҷафо кашиду қариб буд Истиқлолияти давлатиашро аз даст диҳад.

Ҳамагӣ дар гуноҳҳои зиёд ғарқанду боз бар замми ҳамаи ин созмону паймонҳои дуруғин мебанданд. Кадом паймону созмон? Дар ҳоле, ки ин ҳизби наҳзатӣ мамнуъ асту дар дохили кишвар фаъолият намекунад, чӣ гуна метавонад дар хориҷ ва зери ақидаҳои хоҷагонаш ҳамроҳи ҳаммаслакону ҳамсафони худаш чунин як паймони хандаовар бандад.

Мақсади ниҳоии онҳо ба ҳама равшан аст, ки ин гуруҳҳои манфиатҷӯ ҷиҳати иҷрои хостаҳои хоҷагонашон камари ҳиммат бастаанд на чизе дигар. Аз бастани паймончаи дуруғини онҳо мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҳарчор дайдуро хоҷагонашон якест. Шумо мардуми тоҷикро хеле содда шуморидаеду бо як паймонаки бардуруғатон мехоҳед мардумро ба таҳлуқа андозед!? Ҳаргиз на, раванди давлатдории миллии мо, ки саропо дар асоси хостаҳои миллӣ бунёд ёфтаанд ва ҷаҳон онҳоро эътироф намудааст, мо мардуми шарафаманди Тоҷикистон ҳаргиз имконият намедиҳем, ки шумо барин хоинону лаънатхондагон ин равандро халалдор намоед.

         Мо мардуми тоҷик ба доми шумо барин ватанфурӯшон, ки аз ҷавобгариҳои ҷиноятӣ ба хориҷи кишвар гурехта, хиёнатҳои худро ба халқу Ватан бо кӯмаки хоҷагони хориҷиатон ба анҷом мерасонед, дода намешавем. Ва тамоми нерӯи худро барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, истиклолияти давлатӣ, арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи мамлакат ровона хоҳем кард.

 

Гулмадова Кибриё, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳавзаи интихоботии №8

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg