БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ

ҲАМАДОНӢ. Тибқи нақша-чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Давлаталӣ  Ғаффорзода бо сокинони деҳаи Сайроби ҷамоати деҳоти Панҷоб бахшида ба Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  чорабинии фаҳангӣ доир карда шуд.

Дар чорабинии фаҳангӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинаев Ҳаёт иштирок дошта, атрофи сиёсати дохиливу хориҷии кишвар,  нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  эълон гардидани соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, оғози Даҳсолаи байналмиллалии  амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»  суханронӣ кард.

Баъдан Давлаталӣ Ғаффорзода дар бораи огоҳонидани сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ дар мубориза бо онҳо бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, дар қисмати фарҳангӣ  аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумии чирадастони деҳаи Сайроб аз наздик шинос шуданд.

Дар охири чорабинӣ  санъаткорони Филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошимови ноҳия хотири ҳозиринро бо рақсу сурадҳои дилошубу дилангез шод гардониданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg